Дар шаҳри Бӯстон олимпиада оид ба шоҳмот доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ даври шаҳрии олимпиада оид ба шоҳмот доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.
Ҳадафи баргузории олимпиада дарёфт ва рушди хонандагони дорои қобилияти зеҳнии илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад. Дар олимпиада 10 муассисаи таълимӣ иштирок намуд.
Бояд гуфт, ки дар замони муосир ба тарзи ҳаёти солим ва варзиш, махсусан ба намуди шоҳмот ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, ин намуди варзиш ба рушди зеҳнии наврасон мусоидат менамояд.
Бозии шоҳмот инчунин дар замири одамон одобу ахлоқ ва хислатҳои нек, аз қабили инсондӯстӣ, дурбинӣ, накӯкорӣ, воқеанигорӣ, танзими ҳаёти ҳаррӯза, мустақилона фикр рондан ва масъулиятшиносиро бедор менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






