Дар шаҳри Турсунзода кишти чигит ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ вусъат меёбад
ТУРСУНЗОДА, 20.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи ҳисоботи фаврӣ, то имрӯз дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода дар беш аз 350 гектар пунбадона кишт карда шудааст, ки қисми зиёди онро усули зери плёнка ташкил медиҳад. Дурнамои кишти чигит дар шаҳри Турсунзода 730 гектар мебошад, ки рӯзҳои наздик нақшаи кишти он иҷро мегардад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Раёсати кишоварзии шаҳр иттилоъ доданд.
Имрӯзҳо кишоварзони шаҳри Турсунзода бо истифода аз ҳавои мусоид дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба кишти пунбадона машғул ҳастанд. Дар шаҳри Турсунзода 12,6 тонна навъи чигити «Лазер», 50,3 тонна «Лотос» ва 400 кг навъи «Рамис» кишт менамоянд.
Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 70,67 гектар гармхонаҳои доимӣ помидор, бодиринг ва дигар намуди сабзавот кишт намудаанд. Дар айни замон онҳо бозорҳои шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказро бо бодирингу помидор ва булғорию карам таъмин доранд.
Кишоварзони шаҳри Турсунзода имсол бо усули кишти зери плёнка дар 158,60 гектар помидор, дар 181,40 гектар бодиринг ва дар 40,70 гектар дигар намуди сабзавот кишт намуданд. Афзоиши растаниҳои кишти зери плёнка хуб буда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва додани ғизоҳои табиию нуриҳои менералӣ деҳқонон имсол ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд






