Дар шаҳри Турсунзода кишти чигит ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ вусъат меёбад

Апрель 20, 2025 10:30

ТУРСУНЗОДА, 20.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи ҳисоботи фаврӣ, то имрӯз дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода  дар беш аз 350 гектар  пунбадона  кишт карда шудааст, ки қисми зиёди онро усули зери плёнка ташкил медиҳад. Дурнамои кишти чигит дар шаҳри Турсунзода 730 гектар мебошад, ки рӯзҳои наздик нақшаи кишти он иҷро мегардад.  Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини  Раёсати кишоварзии шаҳр иттилоъ доданд. 

Имрӯзҳо кишоварзони шаҳри Турсунзода  бо истифода аз ҳавои мусоид дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба кишти пунбадона машғул ҳастанд.  Дар шаҳри Турсунзода 12,6 тонна навъи чигити «Лазер», 50,3 тонна «Лотос» ва 400 кг навъи «Рамис» кишт менамоянд.

Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза  кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 70,67 гектар гармхонаҳои доимӣ  помидор, бодиринг ва дигар намуди сабзавот кишт намудаанд. Дар айни замон онҳо бозорҳои шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказро бо бодирингу помидор ва булғорию карам таъмин доранд.

Кишоварзони шаҳри Турсунзода имсол  бо усули кишти зери плёнка дар 158,60 гектар помидор, дар 181,40 гектар бодиринг ва дар 40,70 гектар дигар намуди сабзавот кишт намуданд. Афзоиши растаниҳои кишти зери плёнка хуб буда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва додани ғизоҳои табиию нуриҳои менералӣ  деҳқонон имсол ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Апрель 20, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд