Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 23.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи якуми соли равон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусии Тоҷикистон ба маблағи 13 миллиарду 846,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бо нархҳои муқоисавӣ 23,4 фоиз афзудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 1,8 баробар, саноати коркард – 2,1 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 10 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 28,3 фоиз ба амал омадааст.
Инчунин дар ин давра ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард ба 6 миллиарду 490,0 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 2,1 фоиз зиёд аст.
Аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо 2 миллиарду 373,6 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 748,6 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 156,4 миллион сомонӣ ва ғайраро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоятҳои Суғд 60,8 фоиз ва Хатлон 19,8 фоиз афзалият дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд






