Дар Тоҷикистон ҳунари балети Узбекистон муаррифӣ карда мешавад

Апрель 27, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 27.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ  23 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  намоишномаи худро пешниҳод менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар доираи сафари ҳунармандони Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  байни ду давлат табодули ҳамкорӣ бештар мегардад.

Ин сафари ҳунарӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ, ки  соли 2022 ба имзо расида буд, доир мегардад.

Тибқи Ёддошти тафоҳум, мутахассисони варзидаи ҳарду театр метавонанд дарсҳои маҳорат баргузор намуда, дар озмунҳои мусиқӣ, фестивалҳо ва дигар чорабиниҳо иштирок намоянд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 27, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад