Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Қабл аз маросими ифтитоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо, мероси таърихию фарҳангӣ, хӯрокҳои миллӣ ва анвои гуногуни меваҷҳои Тоҷикистон доир гардид.
Дар ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Матлубахон Сатториён ва муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Гао Чжэн иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар заминаи сиёсати муваффақу бобарори сарони ду давлати ба ҳам дӯст амалӣ гардида, қадами устуворест дар густариши ҳамкории мутақобилан судманд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар барномаи фарҳангӣ ҳунармандони маҳбубу шинохтаи тоҷик оҳангу сурудҳои миллӣ, аз қабили шашмақому фалак ва сурудҳои халқиро иҷро намуданд, инчунин рақсҳои тоҷикӣ бо либосҳои миллии тоҷикӣ муаррифӣ гардиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 25-уми апрел дар шаҳри Пекин оғоз ёфта, 27 апрел дар шаҳри Сиан низ идома меёбад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон






































Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






