Дар Вена ҷашни муштараки кишварҳои минтақаи Наврӯз доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел бо ташаббуси маҷаллаи дипломатии «Society Magazin» дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар шаҳри Вена Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Вена хабар медиҳад.
Зимни ҳамоиш иштирокдорон гӯшаи фарҳангии худро оро доданд. Дар қатори онҳо гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хӯроку шириниҳои лазизи наврӯзӣ, ҳафтсину ҳафтшин, ҳунарҳои дастии қадимии мардумӣ, аз қабили сӯзанию гулдӯзӣ омода гардид.
Илова ба ин ҳамватанони муқими Австрия бо рақсу мусиқии идонаи тоҷикӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Дар таҷлили Наврӯз намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳайати дипломатии муқими Вена иштирок намуданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Вена













ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Оид ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
Доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ташаббуси Тоҷикистон дар СММ: масъулияти байнинаслӣ ҳамчун парадигмаи нави ҳуқуқи сулҳ. Андешаҳо дар ин маврид






