Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Афғонистон, Эрон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва Ҳиндустон ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши идона баргузор намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева хабар доданд, зимни ҳамоиш гӯшаи миллии Тоҷикистон оро дода шуда, дар он ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакан, сӯзанӣ, атласу адрас, либосҳои гулдӯзӣ, таомҳои миллӣ, шириниҳои наврӯзӣ ва ҳафтсину ҳафтшин ба ҳозирин пешниҳод гардид.
Дар ҳамоиши идона намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҳайати дипломатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок намуданд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева










Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






