Даромад ба Мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ройгон эълон гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, моҳи май дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқаи байналмилалӣ аз 2 то 4 май дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда мешавад.
Бо мақсади дастгирии рушди ҷудо ва баланд бардоштани руҳияи варзишӣ дар байни ҷомеа бо ташаббуси президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир даромад ба мусобиқа барои тамоми мухлисон ройгон мебошад.
Ин иқдом далели эҳтиром ва қадрдонии мухлисони самимии варзиш буда, нишонгари он аст, ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон на танҳо ба рушди сатҳи касбии ҷудо, балки ба ҷалби оммавии мардум ба ин намуди варзиш низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзиш ва солимгардонӣ мебошад.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






