Донишгоҳҳои техникии Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар доираи баргузории дуюмин Фестивал — намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода бо ҳайати Донишгоҳи миллии техникии Қазоқистон ба номи К.И.Сатпаев баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот ба масъалаҳои тақвият бахшидани корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ, омода намудани муҳандисони баландихтисоси самтҳои сохтмон, меъморӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, IT, инчунин ҷалби ҳайати профессорону омӯзгорон ба машғулиятҳои илмию амалӣ дар раванди таълими донишҷӯён ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Қудрат Давлатзода дар доираи созишномаи ҳамкории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии техникии Қазоқистон омода намудани муҳандисони баландихтисосро тибқи барномаҳои таълимии муштарак таъкид намуда, изҳор дошт, ки омӯзгорони донишгоҳ бо мақсади омӯзиш ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси самти муҳандисӣ пайваста ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат тақвият медиҳанд.
Дар фарҷом ҷонибҳо иброз доштанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ равобити муштараки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҳамкории судманди марказҳои илмию таълимӣ муҳим арзёбӣ гашта, корҳои илмӣ – таҳқиқотии дуҷониба, ҷалби ҳайати профессорону омӯзгорон дар машғулиятҳои илмию амалӣ тақвият дода мешаванд.
Инчунин ҳайати меҳмонон намоиши дастовардҳои илмии донишгоҳро тамошо намуда, бо имкониятҳои мавҷуда ва дурнамои татбиқи иқтидори илмии донишгоҳ аз наздик шинос шуданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст






