Донишгоҳҳои техникии Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро тақвият мебахшанд

Апрель 19, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар доираи баргузории дуюмин Фестивал — намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вохӯрии ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода бо ҳайати Донишгоҳи миллии техникии Қазоқистон ба номи К.И.Сатпаев баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот ба масъалаҳои тақвият бахшидани корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ, омода намудани муҳандисони баландихтисоси самтҳои сохтмон, меъморӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, IT, инчунин ҷалби ҳайати профессорону омӯзгорон ба машғулиятҳои илмию амалӣ дар раванди таълими донишҷӯён ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус  зоҳир гардид.

Қудрат Давлатзода дар доираи созишномаи ҳамкории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии техникии Қазоқистон омода намудани муҳандисони баландихтисосро тибқи барномаҳои таълимии муштарак таъкид намуда, изҳор дошт, ки омӯзгорони донишгоҳ бо мақсади омӯзиш ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси самти муҳандисӣ пайваста ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат тақвият медиҳанд.

Дар фарҷом ҷонибҳо иброз доштанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ равобити муштараки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҳамкории судманди марказҳои илмию таълимӣ муҳим арзёбӣ гашта, корҳои илмӣ – таҳқиқотии дуҷониба, ҷалби ҳайати профессорону омӯзгорон дар машғулиятҳои илмию амалӣ тақвият дода мешаванд.

Инчунин ҳайати меҳмонон  намоиши дастовардҳои илмии донишгоҳро  тамошо намуда, бо имкониятҳои мавҷуда ва дурнамои татбиқи иқтидори илмии донишгоҳ аз наздик шинос шуданд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Апрель 19, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид