ДУШАНБЕ — «ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт беш аз 10 миллион дона гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонида шуданд

Апрель 8, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 08.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба шаҳри «сабз» табдил додани Душанбе ва таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ гулҳои мавсимию бисёрсола ва дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд. Аз ҷумла, дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2024 ва баҳори соли 2025 178 ҳазору 621 бех дарахтони сояафкан, 299 ҳазору 322 бех дарахтони ороишӣ, 111 ҳазору 619 бех дарахтони мевадиҳанда ва 41 ҳазору 184 бех буттаҳо шинонида шудаанд.

Ҳамзамон бо инобати таъмини гулгашту хиёбон ва кӯчаву боғҳо бо гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола дар гармхонаҳо гулҳои мавсимию бисёрсола, дарахтони ороишию сояафкан парвариш карда шуда, дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2024 ва баҳори соли 2025 дар мавзеъҳои муайяншуда мутобиқ ба талаботи агротехникӣ шинонида шуданд. Аз ҷумла, ба миқдори 10 миллиону 618 ҳазору 178 адад гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонида шуд. Аз ин миқдор 3 миллиону 811 ҳазору 878 адад гулҳои мавсимӣ, 947 ҳазору 275 адад гулҳои бисёрсола, 5 миллиону 859 ҳазору 25 адад гулҳои лола, 1 миллиону 577 ҳазору 960 адад қаламчаи гули садбарг шинонида шуд. Инчунин дар ҳудуди 94 ҳазору 804 метри мураббаъ майдони майсазор ташкил карда шуд.

Бояд таъкид намуд, ки шаҳри Душанбе дар партави дастуру супоришҳои бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаву ободкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз шаҳрҳои сарсабзу хуррам ва шукуфои олам табдил ёфтааст. Он имрӯз аз ҷониби созмонҳои байналмилалии муҳити зист ба сифати яке аз шаҳрҳои сабз ва сарсабзу хуррам ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи олам пазируфта шудааст. Албатта, бо боварии комил метавон гуфт, ки иқдоми «Шаҳри сабз»-и Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҳамрадиф шудани Душанбешаҳр бо шаҳрҳои сабзи дунё метавонад мусоидат намояд.

Солҳои охир таҳти таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои мунтазами Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаи сабзазоркунӣ дар Тоҷикистон, махсусан дар шаҳри Душанбе хеле ривоҷу равнақ ёфтааст. Ин ташаббусҳо барои ғанӣ гардонидани муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани фазои экологӣ нақши муҳиму арзанда доранд.

Ҳамасола барои ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар шаҳри Душанбе таҳия гардида, маъракаҳои ниҳолшинонӣ доир карда мешаванд.

Яке аз иқдоми наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба «шаҳри сабз» табдил додани Душанбе мебошад, ки ин давоми сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат мебошад. Ҳамзамон бо назардошти мубрам боқӣ мондани масъалаи тозагӣ ва экологӣ дар шароити шаҳрҳои калон, махсусан пойтахтҳои давлатҳо ин пешниҳод ҳамовозии саросарӣ касб намуд.

Зеро шаҳри Душанбе яке аз калонтарин шаҳрҳои саноатии мамлакат ва ҳамзамон пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои рушди устувори мамлакат корхонаҳои саноатии пешина барқарор карда шуда, дар ин замина корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд. Аз ин хотир ҳангоми фаъолияти онҳо партовҳои заҳролуди кимиёӣ истихроҷ гардида, ба коста шудани фазои экологии шаҳри мо таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳадаф аз ин иқдом, яъне ба «шаҳри сабз» табдил додани Душанбе низ ҳамин аст. Зеро беҳдошти муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани фазои экологӣ вазифаи аввалиндараҷаи на танҳо ҳукумат, балки вазифаи аҳли ҷомеа ва қарзи ахлоқии ҳар шаҳрванд ба шумор меравад.

Ҳамин аст, ки аксар сокинони пойтахт бо нишони ҷонибдорӣ аз ин иқдоми роҳбарияти шаҳри Душанбе дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо дарахтони ҳамешасабзу сояафкан мешинонанд. Зеро шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгашт ба авзои экологӣ таъсири амиқ гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид
Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд