ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САЙЁҲӢ. Соли 2024 ба пойтахти Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор сайёҳ ворид гардид

Апрель 19, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе на танҳо маркази маъмурию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии мамлакат гардидааст, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғатӣ табдил ёфтааст. Ҳамин аст, ки соли 2024 тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии ҳудуди шаҳри Душанбе- Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Роҳи оҳани Тоҷикистон 247 ҳазору 440 нафар ҳамчун сайёҳ ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   18 ҳазору 283 нафар ё 13,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед хабар дод.

Тавре дар «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» омадааст, шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ инфрасохтори мукаммал беш аз пеш хизмат мерасонад.

Зиёд шудани шумораи сайёҳон аз он дарак медиҳад, ки давоми  чанд соли охир дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе хизматрасонӣ ба сайёҳон дар сатҳи баланд қарор дошта, ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Боиси ифтихор аст, ки пойтахти тоҷикон бо боғу бӯстон ва кӯчаву хиёбонҳои хурраму  гулпӯш, биноҳои хуштарҳу замонавӣ, фазои орому осуда, марказҳои мухталифи хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳои сатҳи баланд ба макони писандидаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёфтааст.

Дар баробари ин,  имрӯзҳо пойтахти тоҷикон ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мубаддал гаштааст, ки  ҳамзамон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ин васила мустаҳкам кардани имиҷи кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Намояндагони кишварҳои ҷаҳон ба Душанбе омада, аз тамошои ин шаҳри ҷавон, ҳамешасабзу гулпӯш хушҳол гашта, муштоқу дилбастаи ҳавои фораму табиати нотакрор ва сокинони меҳмоннавозаш мешаванд.

Дар айни замон масъулин корҳои ободонию созандагиро бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар пойтахт баргузор мегардад, тақвият бахшидаанд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 50 меҳмонхонаи гуногунсатҳ, 118 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 39 маркази дилхушӣ, 27 бозор, 125 маркази савдо, 30 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 4 майдони чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, 17 боғи фарҳангию фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 44 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 67 толори варзишӣ, 210 кошонаи ҳусн ва 198 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ, 7 театри касбӣ, 11 осорхонаву 17 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгории бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 94 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 38 мавзеъи пойтахт, 378 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ, 77 коргоҳи ҳунармандӣ, Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ ва Маҷмааи «Истиқлол» ҷойгир буда, ҳамарӯза ба меҳмонони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.

Давоми солҳои охир бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси шаҳрдорӣ якчанд тадбирҳои нав андешида шуданд. Аз ҷумла, дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишери Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардиданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Ба рушди соҳаи сайёҳии пойтахт мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои бостонӣ ва меъморӣ, муассисаҳои табобатию профилактикӣ мусоидат менамоянд.

 Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 19, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон коргоҳи коромӯзӣ барои устодон ва донишҷӯён ифтитоҳ ёфт
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
ХОТИРАЕ, КИ МИЛЛАТРО ЗИНДА МЕДОРАД. Иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба пос доштани хотираи чеҳраҳои бузурги миллӣ ҳифзи асосҳои маънавии давлатдории муосири тоҷиконро ифода менамояд
БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД! Нусратулло Махсум барои муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додааст
Муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Чин таҳким меёбанд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД! Барои самаранок гузаронидани давраи таътили фарзандон омода мешавем
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қаланфури тунд барои мустаҳкам намудани иммунитет кумак мерасонад
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин