Файзалӣ Идизода дар Форуми байналмилалии ИДМ аз қаҳрамониҳои мардуми Тоҷикистон ёдовар шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Волгогради Федератсияи Русия ҷаласаи ҷамъбастии Форуми байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Мероси бузург – ояндаи умумӣ» таҳти раёсати президентҳои Русия ва Беларус — Владимир Путин ва Александр Лукашенко баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар назди иштирокчиёни форум сухан намуда, саҳми халқи тоҷикро дар ба даст овардани Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, махсусан қаҳрамонии дивизияи 61-уми савораи тоҷикро, ки дар озод намудани Сталинград иштирок дошт, таъкид намуд.
Файзалӣ Идизода инчунин аз корнамоиҳои меҳнатии халқи тоҷик дар ақибгоҳ ёдовар шуда, ба аҳамияти ҳифзи ҳақиқати таърихӣ, эҳтиром ба гузаштаи умумӣ ва хотираи қаҳрамонии ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Ғалабаи бузург бар фашизм ба шарофати муттаҳидӣ, ҷидду ҷаҳд ва ягонагии ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар майдони ҷанг мардонагӣ ва қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд, ба даст омад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар солҳои ҷанг аз Тоҷикистон аз 1,5 миллион нафар аҳолӣ зиёда аз 300 ҳазор аскару афсар ба фронт даъват шуда буданд. Қариб 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои дигар вилоятҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ фиристода шуданд, ки бисёри онҳо аз он ҷо ба фронт рафтанд.
«Барои ҷасорат ва қаҳрамонии дар майдони ҷанг нишондода 55 шаҳрванди ҷумҳурӣ бо ҷоизаи олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардонида шуда, 19 нафар кавалерҳои ордени Шуҳрати сеюм дараҷа, 58 ҳазор фиристодаи Тоҷикистон бо медалу орденҳои «Барои шуҷоат» сарфароз гардидаанд. Зиёда аз 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар майдони ҷанг ҳалок шуданд, ки тақрибан 40 дарсади шумори умумии даъватшудагонро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои умумии тамоми мамлакат, аз ҷумла дар ташкили қисмҳои ҳарбӣ бо озуқаворӣ ва бо маҳсулоти ҳарбию техникӣ таъмин намудани фронт фаъолона иштирок намудааст»,-ёдовар шуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
Файзалӣ Идизода афзуд, ки «ҷанговарони тоҷик дар ҳамаи муҳорибаҳо ва воқеаҳои муҳими Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар муҳофизати Қалъаи Брест, Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол ва дигар шаҳрҳо иштирок намуданд. Онҳо барои озод кардани Ленингради муҳосирашуда ёрӣ расонда, барои озод намудани Курск ҷангидаанд. Мо хотираи ҳамаи онҳоеро, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳалок шудаанд, ҳамеша пос медорем».
Ҳамин тариқ, форуми шаҳри Волгоград майдони муҳими муколамаи байналмилалӣ оид ба ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байни давлатҳо гардид.
Ёдовар мешавем, ки 28-30 апрел бо ташаббуси Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Русия бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар шаҳри қаҳрамони Волгоград Форуми байналмилалии «Мероси бузург – ояндаи умумӣ» баргузор гардид.
Дар он ҳайатҳои вакилони парламентии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мамлакатҳои дӯсти Осиё ва Америкаи Лотинӣ, ходимони ҷамъиятӣ, намояндагони аҳли ҷамъият, инчунин коршиносони байналхалқӣ иштирок намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






