Файзалӣ Идизода дар Форуми байналмилалии ИДМ аз қаҳрамониҳои мардуми Тоҷикистон ёдовар шуд

Апрель 30, 2025 15:08

ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Волгогради Федератсияи Русия ҷаласаи ҷамъбастии Форуми байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Мероси бузург – ояндаи умумӣ» таҳти раёсати президентҳои Русия ва Беларус — Владимир Путин ва Александр Лукашенко баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар назди иштирокчиёни форум сухан  намуда,  саҳми халқи тоҷикро дар ба даст овардани  Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, махсусан қаҳрамонии дивизияи 61-уми савораи тоҷикро, ки дар озод намудани Сталинград иштирок дошт, таъкид намуд.

Файзалӣ Идизода инчунин аз корнамоиҳои меҳнатии халқи тоҷик дар ақибгоҳ ёдовар шуда, ба аҳамияти ҳифзи ҳақиқати таърихӣ, эҳтиром ба гузаштаи умумӣ ва хотираи қаҳрамонии ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.  Ғалабаи бузург бар фашизм ба шарофати муттаҳидӣ, ҷидду ҷаҳд ва ягонагии ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар майдони ҷанг мардонагӣ ва қаҳрамониҳои бемисл  нишон доданд, ба даст омад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар солҳои ҷанг аз Тоҷикистон аз 1,5 миллион нафар аҳолӣ  зиёда аз 300 ҳазор аскару афсар ба фронт даъват шуда буданд. Қариб 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои дигар вилоятҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ фиристода шуданд, ки бисёри онҳо  аз он ҷо ба фронт рафтанд.

«Барои ҷасорат ва қаҳрамонии дар майдони ҷанг нишондода 55 шаҳрванди ҷумҳурӣ бо ҷоизаи олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардонида шуда, 19 нафар кавалерҳои ордени Шуҳрати сеюм дараҷа, 58 ҳазор фиристодаи Тоҷикистон бо медалу орденҳои «Барои шуҷоат» сарфароз гардидаанд. Зиёда аз 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар майдони ҷанг ҳалок шуданд, ки тақрибан 40 дарсади шумори умумии даъватшудагонро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои умумии тамоми мамлакат, аз ҷумла дар ташкили қисмҳои ҳарбӣ бо озуқаворӣ ва бо маҳсулоти ҳарбию техникӣ таъмин намудани фронт фаъолона иштирок намудааст»,-ёдовар шуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Файзалӣ Идизода афзуд, ки «ҷанговарони тоҷик дар ҳамаи муҳорибаҳо ва воқеаҳои муҳими Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар муҳофизати Қалъаи Брест, Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол ва дигар шаҳрҳо иштирок намуданд. Онҳо барои озод кардани Ленингради муҳосирашуда ёрӣ расонда, барои озод намудани Курск ҷангидаанд. Мо хотираи ҳамаи онҳоеро, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳалок шудаанд, ҳамеша пос медорем».

Ҳамин тариқ, форуми шаҳри Волгоград майдони муҳими муколамаи байналмилалӣ оид ба ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байни давлатҳо гардид.

Ёдовар  мешавем, ки 28-30 апрел бо ташаббуси Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Русия бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар шаҳри қаҳрамони Волгоград Форуми байналмилалии «Мероси бузург – ояндаи умумӣ» баргузор гардид.

Дар он ҳайатҳои вакилони парламентии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мамлакатҳои дӯсти Осиё ва Америкаи Лотинӣ, ходимони ҷамъиятӣ, намояндагони аҳли ҷамъият, инчунин коршиносони байналхалқӣ иштирок намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 30, 2025 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
Файзалӣ Идизода дар музокироти умумии Ассамблеяи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истанбул иштирок намуд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
ДУШАНБЕ — НИГИНИ КИШВАРИ ОФТОБИИ ТОҶИКОН. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон бахшида мешавад
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид