Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 3, 2025 09:50

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи таъин намудани аъзои Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум

Мутобиқи моддаҳои 49 ва 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шахсони зерин аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таъин карда шаванд:

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло – ҳуқуқшинос;

Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо – раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

Абдураззоқзода Гулнисо Тавалди – мудири муассисаи томактабии №2-и ноҳияи Лахш;

Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир – раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;

Восифҷонзода Рухшона Восифҷон – директори муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Кӯлоб ба номи К.Д.Ушинский»;

Нодирӣ Шаҳло Ҷамолиддин – директори муассисаи таълимии давлатии Литсейи №1-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 апрели соли 2025
№1017

Апрель 3, 2025 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар