Имрӯз ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» муайян мешаванд
ДУШАНБЕ, 21.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» ҷамъбаст мегардад. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Имсол дар фестивал-озмун 18 театри касбӣ беҳтарин намоишҳоеро, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи саҳна овардаанд, манзури тамошобинон намуданд. Имрӯз дар ҷамъбасти фестивал намоиши беҳтарин бо Шоҳҷоиза қадрдонӣ мегардад.
Ҳадафи фестивал-озмун таҳияи асарҳои баландмазмуни ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии коргардонҳо, ҳунармандон ва рассомону оҳангсозон арзёбӣ гардид.
Имсол намоишҳо бо вижагиҳои худ, интихоби мавзуъ сатҳи касбият, шакли пешниҳоду нақшофарии ҳунарпешагон, сабку услуби коргардонҳо, саҳнаофариву мусиқӣ аз ҳамдигар фарқ мекарданд.
Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






