Имрӯз ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» муайян мешаванд

Апрель 21, 2025 16:13

ДУШАНБЕ, 21.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» ҷамъбаст мегардад. Дар  ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Имсол дар фестивал-озмун 18 театри касбӣ беҳтарин намоишҳоеро, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи саҳна овардаанд, манзури тамошобинон намуданд. Имрӯз дар ҷамъбасти фестивал намоиши беҳтарин бо Шоҳҷоиза қадрдонӣ мегардад.

Ҳадафи фестивал-озмун таҳияи асарҳои баландмазмуни  ватанӣ, баланд  бардоштани сатҳи касбии коргардонҳо, ҳунармандон ва рассомону оҳангсозон арзёбӣ гардид.

Имсол намоишҳо бо вижагиҳои худ, интихоби мавзуъ сатҳи касбият, шакли пешниҳоду  нақшофарии ҳунарпешагон, сабку услуби коргардонҳо, саҳнаофариву мусиқӣ аз ҳамдигар фарқ мекарданд.

Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

 

Апрель 21, 2025 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Аз 10 то 14 май Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст

Маводҳои таҳлилӣ