«ИСТИҚЛОЛ». Ин маҷмааи меъморӣ рамзи соҳибистиқлолӣ ва озодии Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 13.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Пойтахти мамлакат маркази бузурги маънавиёт, илму маърифат ва хизматрасонии дорои шароити хуби инфрасохторӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматии баландошёнаи бо санъати баланди меъморӣ бунёдгардида, макони ободонию сабзкорӣ, тозагию зебоӣ ва одоби баланди муошират мебошад. Яке аз ин иншооти фарҳангии шаҳри Душанбе Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» мебошад, ки диққати ҳазорон сайёҳро ҷалб намудааст.
Аз 121 метр баландӣ иборат будани Маҷмааи «Истиқлол» рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани истиқлолро ифода менамояд.
Масоҳати умумии маҷмааи рамзи «Истиқлол» 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.
Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8-метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи «Истиқлол» тоҷ рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлатию соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштрӯя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.
Маҷмааи майдони «Истиқлол» аз бахшҳои алоҳида иборат мебошад ва маҷмааи рамзи «Истиқлол» дар маркази боғ бино ёфтааст, ки аз берун атрофи онро 14 деворнигораи андозаи 9 бар 5,20 метр иҳота намудаанд.
Дар ин чаҳордаҳ деворнигора таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик вобаста ба марҳалаҳои таърихӣ бо аксу рамзҳо таҳти унвонҳои гуногун тасвир ёфтааст. Ошёнаи якуми иншоот аз 7 толори кушоду барҳавои намоишгоҳ, қабули меҳмонони олиқадр ва толори синамои 5D бо 12 ҷойи нишаст иборат мебошад.
Бояд гуфт, ки яке аз ҷойҳои ҷолиби Маҷмааи рамзи «Истиқлол» майдони тамошои он мебошад. Он дар ошёнаи 14 дар сатҳи 94 метр ҷойгир аст. Майдони тамошо доирашакл буда, дорои 4 дурбини калонҳаҷм мебошад.
Масоҳати умумии Майдони «Истиқлол» 30 гектар буда, 2,7 гектараш макони баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ аст.
Ин иншооти муҳташам аз Маҷмааи рамзи «Истиқлол», минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, деворнигораҳо, майдони баргузории роҳпаймоӣ, гулгашт, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат аст.
Дар ошёнаи дуюми Маҷмааи «Истиқлол»и Майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст.
Осорхонаи шаҳри Душанбе аз галерея ва «Тахти тоҷикон» иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад.
Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст. Аз ҷумла, дар Осорхонаи шаҳри Душанбе табарҳои сангӣ, ки аз маҳаллаи Лучоб ва соҳили дарёи Душанбе дарёфт гардида, мутааллиқ ба асри санг мебошанд, ҷой дода шудаанд. Мавҷудияти чунин ёдгориҳо гувоҳи он аст, ки Душанбе дорои таърихи қадимӣ буда, дар ҳудуди он аз давраҳои қадим ҳунару ҳунармандӣ, фарҳангу оинҳои гуногун рушд карда будаанд.
Ҳангоми даромад ба осорхона диққати бинандаро бештар тахти шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки дар як гӯшаи алоҳида ҷойгир аст, ҷалб менамояд. Тахти Исмоили Сомонӣ бо тамоми унсурҳои таърихӣ ва ороиши деворнигораҳои таърихӣ аз Афросиёб, Варахша, Панҷакенти Қадим ва Бунҷикат, ки ҳунармандони тоҷик онҳоро аз санг барқарор намудаанд, гузошта шудааст.
Дар атрофи он ҳафт калиди тиллоии рамзӣ аз ҳафт шаҳри қаламрави имрӯзаи ҷумҳурӣ- Душанбе, Саразм, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Ямчун ва Ҳулбук, инчунин нусхаи намунаҳои санъати волои Хазинаи Амударё, бозубанди тиллоӣ ва Аробачаи тиллоӣ гузошта шудаанд.
Тахти шоҳӣ бо тоҷи тиллоӣ рамзи давлатдорӣ буда, бо тилло ва сангҳои қиматбаҳо ороиш дода шудааст. Тахти рамзии шоҳ Исмоили Сомонӣ аз чӯб сохта шуда, қисмати болоии он тиллокорӣ шудааст. Тахт пурра бо усули миллӣ ороиш ёфта, кандакорӣ шудааст. Тахти рамзӣ кори рассом ва заргар Ҷамшед Расулов мебошад. Дар болои тахт тоҷи тиллоӣ ҷойгир аст, ки аз тиллои тозаи истеҳсоли Тоҷикистон сохта шудааст. Тоҷ бо сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла, алмосҳои диаметрашон 3 ва 2 мм, ёқути кабуди диаметраш 15 мм, тилло ва тиллои сафед, лаъли Бадахшон ба андозаи 22х15мм, ёқути диаметраш 5мм зиннат ёфтааст.
Аз ду тарафи тахт шери болдор бо нӯли уқоб — грифон ҷойгир аст, ки ба шакли бозубанд аз Хазинаи Амударё ёфт шудааст.
Тасвири шери болдор ҳамчун нигоҳдорандаи тахт ва қудрат миёни мардуми Бохтари қадим хеле маъмул буд. Тахт дар байни чортоқ (чор сутун) ҷойгир шуда, атрофи онро сутунҳои чӯбии бо сангҳои қиматбаҳои маҳаллӣ ороёфта иҳота кардаанд. Паси тахт бо деворнигораҳои Панҷакенти Қадим, Варахша ва Афросиёб бо истифода аз сангҳои қиматбаҳо ороиш дода шудааст. Ин деворнигораҳо- маҳсули дасти ҳунармандони ҷумҳурӣ буда, баробар ба нусхаи асл аз санг эҳё гардида, ҳамчун намунаи ҳунари ниёгони тоҷикон аз шаҳрҳои қадимӣ бозёфт гардидаанд.
Ин иншоот мувофиқ ба талаботи муосири осорхонашиносӣ ва ороиши замонавӣ бино ёфтааст. Нигораҳои осорхона ҳамарӯза доир ба таърихи қадимии Душанбе ва рушди шаҳр дар давраи навтарин ба тамошобинон маълумоти муфассал манзур менамоянд. Ҷобаҷогузории нигораҳо низ мувофиқ ба солномаи таърихӣ амалӣ шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ