Маротибаи аввал байни хонандагони Тоҷикистон озмоиши маҳаллии Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан – PIRLS 2026 гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 17.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 апрел то 1 май маротибаи аввал байни хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат озмоиши маҳаллии Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан – PIRLS 2026 (Progress in International Reading Literacy Study) гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Арзёбии байналмилалии PIRLS яке аз муҳимтарин таҳқиқоти ҷаҳонӣ оид ба сатҳи хониши хонандагони синфи 4 аст, ки дар он на танҳо малакаи хондан, балки қобилияти фаҳмидану дарки матн низ санҷида мешавад.
Озмоиш дар байни 42 муассисаи таълимии 25 шаҳру ноҳияи интихобшуда бо иштироки 1181 хонандаи синфи 4-ум баргузор мегардад.
Ин озмоиш аз ду қисм иборат буда, дар он матнҳо, аз ҷумла ҳикоя, қисса, афсона ва матнҳои иттилоотию маърифатӣ истифода бурда мешаванд. Хонандагонро зарур аст, ки аз рӯйи матнҳои пешниҳодшуда қобилияташонро дар фаҳмидану дарки матн нишон диҳанд.
Бо мақсади дар сатҳи хуб баргузор намудани озмоиш аз ҳисоби кормандони соҳаи маориф баъд аз иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ 158 нафар масъул таъйин гардидааст.
Ин таҳқиқот дар байни хонандагони синфи 4-уми зиёда аз 60 давлати дунё бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ ба таври онлайн ё офлайн баргузор мегардад. Ин таҳқиқот, ки бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, ба таври офлайн ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари баргузории озмоиши маҳаллии PIRLS дар байни маъмурияти муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон бо мақсади муайян кардани омилҳои ба раванди таълиму тарбияи хонандагон таъсиррасон пурсиш низ доир карда мешавад.
АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд






