Мусобиқаи байналмилалӣ — Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳӣ «Eliminator Mountain» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки 120 варзишгар аз 40 давлати дунё Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳӣ- «Eliminator Mountain» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омода намудани варзишгарони муваффақ ва дарёфти чеҳраҳои нав барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи баланд, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишии иштирокдорон, муаррифии фарҳангу тамаддун, имконияти сайёҳӣ ва оммавияту солимгардонӣ доир гардид.
Ҳадафи мусобиқа оммавигардонии ин навъи варзиш, ҷалби сайёҳон ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон ҳамчун созмондиҳандаи чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ мебошад.
Велосипед давоми ду аср дар мамлакатҳои ҷаҳон истифода бурда мешавад. Он яке аз намудҳои нақлиёти сайёр ва боэътимод буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Ҳамзамон истифодаи он ба муҳити зист ва ҳифзи саломатии инсон мусоидат менамояд.
Дар замони муосир дучархаронӣ яке аз намудҳои варзишие маҳсуб мешавад, ки ба саломатии инсон хеле фоидабахш аст. Қисми зиёди аҳолии сайёра ин намуди варзишро хуб пазируфтаанд ва новобаста аз ҳамроҳ будан ба маҳфилҳои варзишии велосипедронӣ барои худ ин таҷҳизотро харида, ҳамарӯза барои беҳтар намудани саломатӣ онро истифода менамоянд.
Тибқи маълумоти мутахассисони соҳаи тиб, машғул шудан ба дучархаронӣ барои системаи узвҳои асаб ва бартараф кардани вазни зиёдатӣ хеле муфид аст.
Инчунин машғул шудан ба дучархаронӣ ба беҳтар шудани реҷаи хоб, фаъолияти узвҳои ҳозима ва иммунитет мусоидат намуда, беҳтарин усули лоғар шудан мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






