Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми вазирони сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд

Апрель 28, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 28.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Эрзуруми Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи 6-уми вазирони сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва маросими ифтитоҳи расмии Эрзурум ҳамчун пойтахти Экотурзм дар соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода иштирок намуд.

Дар  оғози ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон тариқи маҷозӣ бо паёми шодбоши ба иштирокчиени чорабини  баромад  намуд.

Зимни ҷаласа ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва иштироки Тоҷикистон дар форум ва ҳамоишҳое, ки аз ҷониби ин созмон  баргузор мегарданд, ёдоварӣ гардид.

Соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли рушд қарор дорад. Барои рушди ин соҳа дар мамлакат якчанд барномаю консепсия ва стратегия, аз ҷумла «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шудаанд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 28, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид