НИШАСТИ СОЗАНДА — БА ХОТИРИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДА. Дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Самарқанд

Апрель 5, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 05.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  шаҳри Самарқанд дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.  Ҳамоиш таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардида, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, инчунин раиси Шурои Аврупо Антонио Коста ва раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин саммит бештар таваҷҷуҳи иштироккунандагонро ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи «сабз» ҷалб намуданд.

Иттиҳодияи Аврупо шарики калидӣ дар рушди ҳамкории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зимни суҳбат бо роҳбарони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба аҳамияти «Харитаи роҳ барои амиқтар намудани равобит байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо» таъкид карда, иброз намуданд, ки ин санад асоси густариши ҳамкории байниминтақавӣ гардида, барои ба ҳам омадани мамлакатҳои минтақа мусоидат хоҳад намуд.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки барои Тоҷикистон соҳаи энергетика, бахусус манобеи барқароршавандаи энергия, аз ҷумла гидроэнергетика ҳам барои рушди дохилӣ ва ҳам барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Иттиҳоди Аврупо аллакай дар татбиқи якчанд лоиҳаҳои муҳими энергетикии ҷумҳурӣ, аз ҷумла навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Себзор» ва «Қайроққум» иштироки фаъол дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки Президенти Тоҷикистон дар ин замина барои ҳамкории густурда дар соҳаи энергетика бо Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби ибтикори созандаи ду ҷониб, яъне Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ибрози андеша намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки то соли 2030 ҳиссаи энергияи офтобу шамолро дар истеҳсолоти умумӣ дар ҷумҳурӣ ба 10 фоиз хоҳем расонд: «Мо ният дорем, ки то соли 2032 дар асоси Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» истеҳсоли неруи барқро аз манобеи таҷдидшаванда пурра таъмин намуда, Тоҷикистонро ба мамлакати тавлидкунандаи неруи сабз  табдил диҳем».

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иброз доштанд, ки ҳадафи Тоҷикистон ин аст, ки содироти маҳсулотро аз истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозорҳои Аврупо, аз ҷумла тавассути истифодаи имтиёзҳои тиҷоратиро ба ҳамдигар боз ҳам густариш бахшад.

Пешвои миллат оид ба имкону захираҳои табиии Тоҷикистон, иқтидори бахши саноат, энергетика ва кишоварзӣ андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид кардани технологияҳои навини аврупоӣ ва истифодаи таҷрибаи ширкатҳои бонуфуз ҳавасманд мебошад.

Бояд гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории лоиҳаҳои бузург саҳми созгор дорад ва агар дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва инфрасохтори коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд, ба манфиат хоҳад буд.

Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои рушди энергетика, густариши ҳамкорӣ барои рушди бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ ба таъсиси ҷойи кор, омодасозии коргарони баландихтисос ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла кушодани филиалҳои донишгоҳҳои аврупоӣ дар ҷумҳурии мо ва зиёд намудани квотаҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Аврупо, ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ, ки ин самтҳо барои рушди соҳаҳои мазкур мусоидат хоҳанд намуд, ибрози андеша намуданд.

Бояд гуфт, ки моҳи октябри соли 2023 дар нишасти 19-уми вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Люксембург тасмим гирифта шуд, ки ин нишаст моҳи апрели соли 2024 дар Самарқанд баргузор шавад. Аммо бо  сабабҳои гуногун он ба соли 2025 мавқуф гузошта шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин нахустин нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аст, ки 4 апрели соли 2025 дар шаҳри бостонии Самарқанд баргузор гардид. Дар назар аст, ки ин нишаст равобити густурдаи ду минтақаро ба сатҳи баландтар бардорад.

Дар ин нишаст рушди ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёт, иртиботот, амният, энергияи «сабз», рушди устувор, маориф, илм ва инноватсия дар минтақаро дар бар мегирад.

Субҳиддин ЗИЁЕВ,
мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои филология

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Апрель 5, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад