Ғолибони бозиҳои даври панҷум байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе — чемпиони феълии Тоҷикистон, ки дар даври панҷуми Лигаи олӣ пирӯзӣ ба даст овард, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқот мустаҳкам намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври панҷум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бар дастаи Клуби марказии варзишии артиши шаҳри Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ин ғалабаи чаҳоруми дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва аввалин бохти дастаи КМВА дар мавсими имсола ба шумор меравад.
Панҷ бозии дигари даври панҷуми мусобиқа бо чунин натиҷаҳо ба поён расид: дастаҳои футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 2:1, «Вахш»-и шаҳри Бохтар бо «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:0, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 2:1, Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:2 ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:4.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври панҷум дар ҷадвали мусобиқот дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 13 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар бо 11 имтиёз дар ҷойи дуюм ва дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 10 имтиёз ҷойи сеюмро касб кардаанд.
Ду даста – «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Вахш»-и шаҳри Бохтар то ҳоло ба мағлубият дучор нашудаанд. Се даста – «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки пирӯзӣ ба даст наоварданд, дар зинаҳои охири ҷадвал қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври шашуми мусобиқа 18-20 апрели соли 2025 баргузор мешаванд. 18 апрел дастаҳои футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, 19 апрел дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва 20 апрел дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе рақобат менамоянд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






