Ғолибони бозиҳои даври панҷум байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол муайян шуданд

Апрель 17, 2025 13:55

ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе  —  чемпиони феълии Тоҷикистон, ки дар даври панҷуми Лигаи олӣ пирӯзӣ ба даст овард, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқот мустаҳкам намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар бозии даври панҷум   дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе бар дастаи   Клуби марказии варзишии артиши шаҳри  Душанбе  бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ин ғалабаи чаҳоруми дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва аввалин бохти дастаи   КМВА дар мавсими имсола ба шумор меравад.

Панҷ бозии дигари даври панҷуми мусобиқа  бо чунин натиҷаҳо ба поён расид: дастаҳои футболи «Барқчӣ»-и шаҳри  Ҳисор  бо «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби  2:1, «Вахш»-и шаҳри Бохтар бо  «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби  2:0, «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб бо  «Ҳосилот»-и ноҳияи  Фархор бо ҳисоби  2:1, Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби  1:2 ва «Истаравшан»-и шаҳри  Истаравшан  бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри  Турсунзода  бо ҳисоби   2:4.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври панҷум дар ҷадвали мусобиқот  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо 13 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар  бо 11 имтиёз  дар  ҷойи дуюм ва дастаи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо 10 имтиёз ҷойи сеюмро касб кардаанд.

Ду даста – «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Вахш»-и шаҳри Бохтар  то ҳоло ба мағлубият дучор нашудаанд. Се даста – «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор  ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки  пирӯзӣ ба даст наоварданд, дар зинаҳои охири ҷадвал қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври шашуми мусобиқа 18-20 апрели соли 2025  баргузор мешаванд. 18 апрел дастаҳои футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи  Восеъ  бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, 19 апрел дастаҳои футболи  «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор  бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  ва   20 апрел дастаҳои  футболи  КМВА-и шаҳри Душанбе   бо  «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва «Барқчӣ»-и шаҳри  Ҳисор   бо  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  рақобат менамоянд. 

                                                   АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Апрель 17, 2025 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд