Подшоҳии Баҳрайн аз имзои санадҳои таърихӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон истиқбол намуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн аз натиҷаҳои мулоқоти сегонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар доираи он санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расиданд, истиқбол намуда, изҳороти расмӣ интишор дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн хабар доданд.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн чунин омадааст: «Вазорати корҳои хориҷӣ истиқболи Подшоҳии Баҳрайнро аз имзои Шартномаи сеҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ байни се мамлакат баён намуд.
Вазорати корҳои хориҷӣ табрикоти самимии Подшоҳии Баҳрайнро ба ҳукуматҳо ва мардумони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баён дошта, изҳори умедворӣ намуд, ки ин иқдоми мусбат пайвандҳои ҳамкорӣ, дӯстӣ ва шарикии стратегии се ҷумҳуриро тақвият бахшида, боиси некӯаҳволӣ ва шукуфоии мардумони бо ҳам дӯст хоҳад шуд ва ба таҳкими амният, субот ва сулҳи минтақавӣ мусоидат хоҳад намуд».
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн










Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд






