Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»

Апрель 21, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 21.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи захираҳои обии минтақа мебошанд ва 60 дарсади онҳо  дар ҳудуди мамлакати мо ташаккул меёбанд. Мутаассифона, таъсири тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ боиси обшавии босуръати пиряхҳо мегардад.

Аз 14  ҳазор пирях дар Тоҷикистон ҳудуди 1300  пирях дар панҷоҳ соли  охир  комилан об шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони  «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ», ки 4-5 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, бо таъкиди ин масъала иброз намуданд, ки «обшавии пиряхҳо тамоюли хеле ташвишовар аст, зеро пиряхҳои мо  танҳо манбаи об барои минтақа набуда,  дар ҳифзи   иқлими минтақа  низ нақши муҳим мебозанд».

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва пешгирии обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад.

Дар баробари ин, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро  Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намуд.

Дар  асоси  ин қарор,  29-31 майи соли равон  дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мешавад, ки ин боз як иқдоми назарраси Тоҷикистон дар  рӯзномаи ҷаҳонии иқлим хоҳад буд.

Имсол бо ташаббуси Тоҷикистон ва тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид 21 март бори аввал  ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил гардид.

Ҳадафи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо (21 март) баланд бардоштани огоҳии аҳолии ҷаҳон дар бораи нақши муҳиме, ки пиряхҳо дар системаи иқлими Замин мебозанд, мебошад. Он минбаъд ҳамасола  дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии об (22 март) таҷлил карда мешавад. Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бахшида ба ҳарду сана як чорабинӣ баргузор шуд. Ҳадафи он аз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои бо ҳам алоқаманди дастрасии об, тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо иборат буд. Ин чорабинӣ аз ҷониби Барбадос, Канада, Перу, Сенегал, Сингапур, Тоҷикистон, Швейтсария ва Аморати Муттаҳидаи Араб сарпарастӣ карда шуд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш имсол дар паёми худ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об гуфт, ки «мо бояд як ҳақиқати сард ва сахтро дар хотир дорем: ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст. Биёед якҷоя амал намоем, то барои инсоният ин манбаъҳои яхбастаи ҳаётро ҳифз кунем».

Обшавии пиряхҳо ҳоло ба яке аз масъалаҳои мубрами глобалии сайёра мубаддал гардидааст.

Пиряхҳо дар бисёре аз минтақаҳои сайёра бо суръати феълии обшавиашон дар асри 21 боқӣ намемонанд. Дар ин хусус коршиносони иқлими Созмони Милали Муттаҳид изҳори назар намудаанд.

Пиряхҳо тақрибан 70% обҳои тозаи ҷаҳонро дар бар мегиранд. Онҳо нишондиҳандаҳои тағйирёбии иқлим мебошанд, зеро одатан  дар шароити муътадили иқлим об намешаванд. Ҳоло, бинобар гармшавии глобалӣ, ки дар натиҷаи тағйирёбии антропогении иқлим ба вуҷуд омадааст, майдони онҳо бо суръати бесобиқа коҳиш меёбад.

Соли 2024 пиряхҳо дар Скандинавия, архипелаги Шпитсбергени Норвегия ва Осиёи Шимолӣ бузургтарин талафоти солонаи ҳаҷми умумиро дар тамоми  таърихи мушоҳидаҳо ба таври рекордӣ аз сар гузарониданд. Бар асари ин дар қаторкӯҳҳои Ҳиндукуши Ҳимолойи ғарбӣ, ки аз Афғонистон то Покистон тӯл мекашад, бештар аз 120 миллион нафар деҳқонон метавонанд аз воситаҳои рӯзгузаронияшон маҳрум гарданд.

Миқдори зиёди яхҳо босуръат нест мешавад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO), дар панҷ соли охир обшавии босуръати пиряхҳо давоми тамоми таърихи мушоҳидаҳо ба назар мерасад.

«Мо тағйироти бесобиқаеро мебинем, ки дар бисёр ҳолатҳо метавонанд бебозгашт бошанд»,-мегӯяд Сулагна Мишра, олими WMO.

Хадамоти мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо (WGMS) тахмин мезанад, ки пиряхҳои берун аз Гренландия ва Антарктида аз соли 1975 инҷониб беш аз 9 000 миллиард тонна вазни худро гум кардаанд.

«Ин ба яхпораи бузург ба андозаи Олмон ва бо ғафсии 25 метр баробар аст»,-шарҳ додааст директори WSML Михаэл Земп.

Талафоти солонаи ях 273 миллиард тоннаро ташкил медиҳад, ки ин тақрибан ба истеъмоли об аз тарафи тамоми аҳолии ҷаҳон давоми 30 сол баробар аст. Дар Аврупои Марказӣ қариб 40 фоизи яхи боқимонда об шудааст. «Агар обшавии яхҳо бо суръати кунунӣ идома ёбад, пиряхҳои Алп дар ин аср боқӣ намемонанд»,-мегӯяд Михаэл Земп.

Сулагна Мишра аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт бар ин назар аст, ки агар партовҳои газҳои гулхонаӣ, ки сабаби гармшавии глобалӣ  мегарданд, пешгирӣ карда нашаванд ва ҳарорат бо ҳамон суръате, ки ҳоло дорад, афзоиш ёбад, пас то охири соли 2100  80 дарсади пиряхҳои хурд дар Аврупо, Африқои Шарқӣ, Индонезия ва чанд манотиқи дигар аз байн мераванд.

Маълумоти охирини Хадамоти мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо (World Glacier Monitor) нишон медиҳад, ки аз 25 то 30% болоравии сатҳи баҳр ба обшавии пиряхҳо вобаста аст. Сатҳи баҳр ҳар сол тақрибан як миллиметр баланд мешавад. Ин рақам дар назари аввал ночиз ба назар мерасад, вале бояд ба ҳисоб гирифт, ки ҳар як миллиметр метавонад сабаби обхезӣ дар маҳалҳое гардад, ки дар онҳо аз 200 то 300 ҳазор нафар истиқомат менамоянд. Обхезӣ метавонад мардумро аз ризқу рӯзӣ маҳрум карда, онҳоро маҷбур намояд, ки аз як ҷо ба ҷои дигар муҳоҷират кунанд.

Директори Хадамоти мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо (WSML) Михаэл Земп, ки дар Донишгоҳи Сюрих аз пиряхшиносӣ дарс медиҳад, мегӯяд, ки мо бояд аз имрӯз ба ҷаҳоне омода шавем, ки пирях надорад.

«Вақте ман дар бораи ояндаи фарзандонам фикр менамоям, ман ҷаҳонеро тасаввур мекунам, ки дар он эҳтимол пиряхҳо вуҷуд надоранд. Ин ҳолат воқеан хеле нигаронкунанда аст»,-иброз медорад ӯ.

Имсол Каскади ҷанубӣ дар иёлати Вашингтон (ИМА) пиряхи сол эълон гардид. Назорати доимии ин пирях аз соли 1952 инҷониб бурда мешавад.

Пиряхҳои Каскади ҷанубӣ ҳамчун намунае ҳам барои нишон додани зебоии пиряхҳо ва ҳам барои уҳдадории дарозмуддати олимон ва ихтиёриёни содиқе хизмат  менамоянд, ки барои муайян кардани тағйирёбии ҳаҷми пиряхҳо давоми беш аз шаш даҳсола маълумот ҷамъоварӣ кардаанд.

Ҳадафи ташаббуси Президенти Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 низ маҳз ҳамин аст, ки имрӯз мо, мардуми Тоҷикистон ва тамоми давлатҳои ҷаҳонро зарур аст дар пасманзари пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дар ҷараёни истифодаи захираҳои табиию фаъолияти бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсон аз ибтикороти дастҷамъона кор бигирем.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ
«Ховар»  

АКС: Хадамоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»/ манбаъҳои боз

 

Апрель 21, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЭҶОДКОРӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Омилҳое, ки метавонанд бозори меҳнатро афзоиш дода, мардумро тавонманд созанд
Дар Боку омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тахач барои бемории меъда, диабети қанд ва зардпарвин муфид аст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шалғамча барои пешгирии саратони даҳон, меъда, гурда ва рӯдаи ғафс фоидаовар аст
Ҳайати Қатар дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе иштирок менамояд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Масъалаи омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2028 дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Душанбе шаҳри ҷавонӣ ва маркази имкониятҳои варзишӣ мебошад
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон: «Душанбе ба як маркази воқеии илмӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа табдил ёфтааст»
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САЙЁҲӢ. Соли 2024 ба пойтахти Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор сайёҳ ворид гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад