Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия муҳтарам Анвар Иброҳим барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари даргузашти собиқ Сарвазири Малайзия ҷаноби Абдулло Аҳмад Бадавӣ боиси ғояти андӯҳи мо гардид.
Марҳум бо фаъолияти доманадори худ ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ дар дохили кишвар ва берун аз он маъруфият пайдо карда, соҳиби обрӯву иззат ва эътибори шоиста гардида буд.
Мо саҳми ҷаноби Абдулло Аҳмад Бадавиро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Малайзия қадр мекунем ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорем.
Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо ва мардуми барои мо бародари Малайзия ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро баён намуда, ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонам».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






