Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин робитаҳои байнипарламентии ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим- Жомарт Токаев ба Тоҷикистон дар соли 2024 ва баимзорасии Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвари бародар рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо аз раванди рушди бемайлони ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо оид ба дурнамои таҳкими ҳамкории ду давлат дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тақвияти минбаъдаи равобити байнипарламентӣ ибрози назар карданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






