Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар кори ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Қасри Таврии шаҳри Санкт-Петербург дар кори ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори ҷаласа раисони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд. Дар доираи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи пленарӣ ячанд лоиҳаҳои қонунҳои намунавии Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла дар бораи баҳодиҳии кадастрии давлатӣ, технологияҳои зеҳни сунъӣ, ворид намудани тағйирот ба ҷанбаи рақамикунонии Кодекси намунавии таълим дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар санадҳо баррасӣ гардиданд.
Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарламентӣ муҳокимаронӣ доир шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






