Раиси Маҷлиси намояндагон бо оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар деҳаи Аскалони Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт бо оилаҳои аз заминларза зарардида мулоқот намуда, бо ҳолати манзилҳои истиқоматии онҳо шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Файзалӣ Идизода инчунин дар Ҷамоати деҳоти Лангари шоҳи деҳаи Бӯстони ноҳияи Тоҷикобод бо сокинони деҳа ва оилаҳои зарадида мулоқот намуда, бо манзилҳои истиқоматии оилаҳои зарардида, инчунин бо вазъи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ва Маркази саломатии «Бӯстон», ки ба сокинони деҳаҳои «Бӯстон», «Кӯли Калон» ва «Сари чашма» хизмати тиббӣ мерасонад, шинос шуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумакҳои аввалин ба мардуми зарардида таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ҳамаи зарардидагони офати табиӣ аз кумакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳра бардошта, ба Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ғамхориҳо изҳори сипос намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






