Раиси Маҷлиси намояндагон бо оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод мулоқот намуд

Апрель 18, 2025 11:11

ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар деҳаи Аскалони Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт бо оилаҳои аз заминларза зарардида мулоқот намуда, бо ҳолати манзилҳои истиқоматии онҳо шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода инчунин дар Ҷамоати деҳоти Лангари шоҳи деҳаи Бӯстони ноҳияи Тоҷикобод бо сокинони деҳа ва оилаҳои зарадида мулоқот намуда, бо манзилҳои истиқоматии оилаҳои зарардида, инчунин бо вазъи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ва Маркази саломатии «Бӯстон», ки ба сокинони деҳаҳои «Бӯстон», «Кӯли Калон» ва «Сари чашма» хизмати  тиббӣ мерасонад, шинос шуд.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумакҳои аввалин ба мардуми зарардида таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҳамаи зарардидагони офати табиӣ  аз кумакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳра бардошта, ба Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ғамхориҳо изҳори сипос намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 18, 2025 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид