Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд

Апрель 21, 2025 16:52

ДУШАНБЕ, 21.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон мулоқот намуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Иброз гардид, ки  Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи аввалин давлатҳое мебошад, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 январи соли 1992 ба расмият шинохт. Ҳамзамон 22 феврали соли 1992 ду мамлакат робитаҳои дипломатии худро расман ба роҳ монданд.  Таъкид шуд, ки  табодули таҷрибаи вакилони ҳарду давлат ба нафъи тарафҳо буда, ба пешрафти фаъолияти қонунгузорӣ мусоидат менамояд.

Гуфта шуд, ки моҳи марти соли 2023 бори нахуст Раиси Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  доктор Ҳуссом Абдулмуҳсин ал-Анқарӣ бо ҳамроҳонаш ба Душанбе ташриф оварда, бо ҳайати Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон музокирот анҷом дода буданд. 26-30 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе бори аввал ҷаласаҳои Кумитаи дӯстии байнипарлумонии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Танҳо соли 2024 байни Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 9 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид шуд, ки  мулоқоти имрӯза барои густариши  робитаҳои байнипарлумонии ду давлат, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлис-аш-Шурои Арабистони Саудӣ    барои ба пешравиҳо ноил гардидан дар ҳамаи соҳаҳо    заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 21, 2025 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид