Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарлумонӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи пленарии Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ дар мавзуи «Ҷунбиши парлумонӣ барои рушди иҷтимоӣ ва адолат» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки «имрӯз, вақте ки инсоният бо мушкилоти зиёди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, иқлимӣ ва геополитикӣ рӯбарӯ аст – маҳз парламентҳо бояд дар дарёфти роҳҳои ҳалли одилона, устувор ва фарогир роҳбарӣ намоянд. Мавзуи муҳокимашуда «Амали парламент барои тараққиёти иҷтимоӣ ва адолат» на танҳо барои таъмини суботи миллӣ, балки мустаҳкам намудани сулҳу ҳамкории байналмилалӣ низ муҳим аст».
Дар Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ ва рушд рукни сиёсати давлатӣ аст, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад. Таҳти роҳбарии стратегии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти васеъмиқёс ба рафъи камбизоатӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба маориф, тандурустӣ, оби тоза ва дигар захираҳои ҳаётан муҳим амалӣ гардид.
Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва қабули барномаҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, аз ҷумла табақаҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир — занон, кӯдакон, нафақахӯрон, маъюбон, инчунин сокинони ноҳияхои дурдаст нигаронида шудааст, саҳм мегузорад.
«Мо стратегияҳои миллии рушди устувор, пешбурди ташаббусҳо оид ба таъсиси ҷойи кор, тавсеаи имконияти иқтисодӣ барои ҷавонон ва занон ва коҳиш додани сатҳи бекориро дастгирӣ менамоем», — гуфт Файзалӣ Идизода.
Дар Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарлумонӣ 150 Иттиҳоди байнипарлумонӣ, 2000 вакил аз 181 давлат, 15 мамлакати нозир ва беш аз 25 созмони байналмилалӣ ва байнипарлумонӣ иштирок намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод






