Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарлумонӣ иштирок намуд

Апрель 7, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи пленарии Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ дар мавзуи «Ҷунбиши парлумонӣ барои рушди иҷтимоӣ ва адолат» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки «имрӯз, вақте ки инсоният бо мушкилоти зиёди  иҷтимоӣ, иқтисодӣ, иқлимӣ ва геополитикӣ рӯбарӯ аст – маҳз парламентҳо бояд дар дарёфти роҳҳои ҳалли одилона, устувор ва фарогир роҳбарӣ намоянд. Мавзуи муҳокимашуда «Амали парламент барои тараққиёти иҷтимоӣ ва адолат»  на танҳо барои таъмини суботи миллӣ, балки мустаҳкам намудани сулҳу ҳамкории байналмилалӣ низ муҳим аст».

Дар Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ ва рушд рукни сиёсати давлатӣ аст, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад. Таҳти роҳбарии стратегии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти васеъмиқёс ба рафъи камбизоатӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба маориф, тандурустӣ, оби тоза ва дигар захираҳои ҳаётан муҳим амалӣ гардид.

Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва қабули барномаҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, аз ҷумла табақаҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир — занон, кӯдакон, нафақахӯрон, маъюбон, инчунин сокинони ноҳияхои дурдаст нигаронида шудааст, саҳм мегузорад.

«Мо стратегияҳои миллии рушди устувор, пешбурди ташаббусҳо оид ба таъсиси ҷойи кор, тавсеаи имконияти иқтисодӣ барои ҷавонон ва занон ва коҳиш додани сатҳи бекориро дастгирӣ менамоем», — гуфт Файзалӣ Идизода.

Дар Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарлумонӣ 150 Иттиҳоди байнипарлумонӣ, 2000 вакил аз 181 давлат, 15 мамлакати нозир ва беш аз 25 созмони байналмилалӣ ва байнипарлумонӣ иштирок намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 7, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид