Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Тошканд якчанд мулоқоти дуҷониба анҷом дод
ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) имрӯз дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода якчанд мулоқоти дуҷониба анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, имрӯз дар мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳасан бин Абдуллоҳ Ал-Ғоним масъалаҳои амиқсозии ҳамкории дуҷониба ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд.
Файзалӣ Идизода аҳамияти ҳамкории парлумонҳои ду давлатро таъкид карда, барои идомаи робитаҳои фаъол дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори омодагӣ намуд.
Дар ин рӯз зимни мулоқоти Файзалӣ Идизода ва Раиси Палатаи қонунбарории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Нуриддин Исмоилов масъалаҳои дурнамои рушди муносибатҳо байни Маҷлиси намояндагон ва Парламенти Узбекистон муҳокима шуданд.
Аз ҷумла, зарурати густариши муносибатҳои байнипарлумонии ду ҷумҳурии бо ҳам дӯсту ҳамсоя баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории байнипарлумонӣ ва ҳамкорӣ байни палатаҳои поёнии ду мамлакат тавассути сафарҳо ва ҳамоишҳои гуногун густариш дода шавад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






