РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Масъалаи омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2028 дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат бо Намояндагони доимии Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Сенегал дар СММ — Муҳаммад Исса Абушаҳоб ва Колӣ Сек, ки ба ҳайси мизбони Конфронси оби СММ-2026 мебошанд, мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории муштарак дар самти омодагии ҳамаҷониба ба Конфронси оби соли 2026-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон аҳаммияти пайвастани мантиқии раванди татбиқи натиҷаҳои Конфронси оби СММ-2023 ва идомаи ҳамоҳангсозии талошҳо дар робита ба маъракаҳои муҳими байналмилалии обро, ки дар солҳои 2026 дар Аморати Муттаҳидаи Араб ва соли 2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, таъкид намуданд.
Ҷонибек Ҳикмат дар рафти мулоқот аз мизбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси оби СММ дар соли 2028 сухан намуда, идомаи истифодаи минбаъдаи платформаи «Раванди оби Душанбе»-ро ҳамчун як механизми муассири байналмилалӣ дар татбиқи Ҳадафи шашуми Рушди устувор ва иҷрои «Рӯзномаи амали об» муҳим арзёбӣ намуд.
АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






