Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати YG-1 Co., LTD Ҷумҳурии Корея мулоқот намуд

Апрель 4, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар шаҳри Инчон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо Раис ва Мудири иҷроияи ширкати YG-1 Co., LTD. Ҳокеун Сонг ва Президенти ин ширкат Сиҳан Сонг доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо таҳкими ҳамкории мутақобили судмандро дар самти истифодаи захираҳои бойи маъданҳои Тоҷикистон матраҳ намуданд.

Мавриди таъкид аст, ки YG-1 Co., LTD. яке аз ширкатҳои  пешсафи ҷаҳонӣ дар истеҳсоли таҷҳизоти бурранда ва пармакунӣ ба ҳисоб меравад, ки 80 фоизи онҳо аз волфрам сохта шудаанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Апрель 4, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд