Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Рашт бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларза шинос шуд

Апрель 22, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 22.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат  Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Рашт шинос шуда, бо мардуми аз офати табиӣ зарардида дар назди манзилҳои истиқоматӣ  суҳбат намуд.

Зимни суҳбати озод бо аҳолӣ онҳоро бовар кунониданд, ки бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани ҳама гуна кумакҳои саривақтӣ таҳти назорати қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Аз ин хотир Ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ, ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ, таъмини маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ  барои зарардидагони офати табиӣ тадбирҳои саривақтӣ меандешад.

Тибқи маълумоти комиссияи ҳукуматӣ, ки аз ҳисоби роҳбарону мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар сохторҳои марбута таъсис дода шудааст, бар асари заминларза дар ноҳияҳои Рашт 34 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон шуда, 72 хона қисман зарар дида, ба 89 хонаи дигар осеби сабук ва ба 65 иншооти ёрирасон зарар расидааст.

Ҳамчунин 9 иншооти ёрирасони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 маркази фароғатӣ ва 4 иншооти дигари хоҷагии халқ зарар дидаанд.

Дар натиҷаи ин заминларза ба соҳаҳои хоҷагии роҳ 1 ҳазору 20, таъминоти барқ 1 ҳазору 600, шабакаҳои обёрӣ ва оби нӯшокӣ ба масофаи 400 метр зарар расидааст.

Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт низ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ташкил карда шудааст. Аъзои ситод дар навбати аввал аз аҳволи оилаҳои осебдида хабардор шуда, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Гурӯҳҳои корӣ муайян кардаанд, ки бар асари заминларза дар ноҳияи Рашт дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷборак, Аскалон, Қалъаи Сурх, ҷамоати шаҳраки Ғарм дар 23 деҳа — 411 оила бо ҳайати оилаашон- маҷмуан 1 ҳазору 901 нафар зарари ҷиддӣ дидаанд.

Аҳолии зарардида фавран бо хайма, хӯроки гарм, ёрии аввалияи тиббӣ ва равонӣ таъмин гардид.

Бояд таъкид намуд, ки ҳамасола аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳти таваҷҷуҳу ғамхории Пешвои миллат қарор доранд.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо анбори захираи маводи хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмонии Корхонаи фаръии давлатии “Захира дар минтақаи Рашт” – и Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  шинос шуд.

Дар анборҳо  маводи хӯрокворию масолеҳи сохтмонӣ барои 5 ноҳияи минтақа дар шароити хуб нигоҳдорӣ мешавад.

Ҳангоми аёдати бемороне, ки дар натиҷаи рух додани заминларза  ҷароҳати гуногун бардошта, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт бистарӣ шудаанд, иброз гардид, ки онҳо таҳти ғамхорию кумаки ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Мутобиқи маълумот, бар асари ин ҳодиса дар ноҳияи Рашт 10  шаҳрванд ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, фавран ба табобат фаро гирифта шудаанд ва ҳоло вазъи саломатияшон хуб арзёбӣ мешавад.

Сарвазири кишвар  баъдан дар бинои Қасри фарҳанги ноҳия бо аъзои ситоди ноҳиявӣ, комиссияи ҳукуматӣ ва аҳолии аз заминларза зарардида мулоқот анҷом дод.

Гуфтан зарур аст, ки роҳҳои харобшуда, ки беш аз 1 километрро ташкил медоданд, бо ҷалби тамоми намуди техникаю механизмҳо барқарор карда шуданд.

Инчунин ба минтақаи Рашт аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, тахта, арматура ва дигар масолеҳи зарурӣ  ҷудо карда шуд.

Зимни мулоқот аз масъулини сохторҳои давлатӣ талаб карда шуд, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ, расонидани ҳама намуди кумакҳо ва ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминларза иҷро намоянд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сиёсати инсондӯстонаашон бармеояд, барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт расонидани кумакҳои ҳамаҷонибаи фаврӣ идома дорад.

Барои бунёди хонаҳои нав ба аҳолии осебпазир дар мавзеъҳои бехатари ҳарду ноҳия қитъаи замин ҷудо гардида, барои он оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб гардидаанд, хонаҳои 4-ҳуҷрагӣ ва барои оилаҳои хонаҳояшон қисман зарардида хонаҳои 2-ҳуҷрагӣ сохта мешаванд.

Дар мавзеъҳои нави бунёди хонаҳои истиқоматӣ тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз қабили мактаб, боғчаи кӯдакона, бунгоҳи тиббӣ, кашидани хати оби нӯшокӣ, барқ, мағоза ва дигар шароити зарурии зист ба инобат гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 13 апрели соли 2025, соати 09:24 дар ҳудуди ҷумҳурӣ заминларза ба амал омад. Маркази он дар масофаи 160 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ва 21 километр аз ноҳияи Рашт буда, қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Апрель 22, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт барномаи фарҳангӣ-сиёсии аъзои ҳизб доир гардид
«ЗАМИН — ГАНҶИНАИ ХАЙРУ САХОВАТ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин ва Соли ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Душанбе-сарзамини тахти воло» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
«МАДАНИЯТИ ШАҲРДОРӢ». Дар Хатлон амалиёти пешгирии фурӯши ғайрисанитарии маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз гардид
Сокинони вилояти Суғд ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Рашт ва Тоҷикобод кумак расониданд
Мардуми саховатпешаю савобҷӯ даъват шуданд, ки маблағҳои сафари ҳаҷро ба зарардидагони заминларзаи Рашту Тоҷикобод низ равона созанд
«ОИЛАИ БЕҲТАРИН». Бо мақсади гиромидошти арзишҳои оиладорӣ озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шумораи ақди никоҳ зиёд ва бекоршавии он коҳиш ёфтааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон адлия ба мақомоти давлатии калидӣ дар таҳкими ислоҳоти ҳуқуқӣ табдил ёфт
Академик Баҳром Сироҷев бо медали соҳавии «Аълочии соҳаи энергетика» сарфароз гардид
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти адлия ҳамоиши идона баргузор гардид