Шири қоқу гули чашмро дур карда, хунпартоиро манъ ва меъдаро боқувват менамояд
ДУШАНБЕ, 27.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон растаниҳои шифобахше мерӯянд, ки дар соҳаи тиб хеле васеъ истифода бурда мешаванд. Ин гиёҳҳои шифобахш асосан дар доманаҳои кӯҳу теппаҳо рӯида, хусусияти табобатии онҳо хеле баланд мебошад.
Қоқу яке аз растаниҳои шифобахше мебошад, ки дар маҳалҳои гуногуни мамлакат бо номҳои гули қаҳқаҳ, дегкафонак ё ширгулак маълум аст. Номи байналмилалии илмии он ба забони лотинӣ «Taráxacum officinále» — навъе аз гиёҳҳои бисёрсола аст.
Бино ба маълумоти Теофраст (яке аз гиёҳшиносони солҳои 372-287 то мелод), қоқу доғи кунҷитакро барҳам медиҳад. Абӯалӣ ибни Сино бо оби қоқуи тару тоза истисқо (бемории обхурак)-ро табобат менамуд. Шири қоқу гули чашмро дур карда, хунпартоиро манъ ва меъдаро боқувват мекунад. Табибони халқӣ қоқуро барои табобати илтиҳоби ҷигар ва тамоми бемориҳои вобаста ба ин узв, инчунин дарди санги гурдаву масона, диабети қанд, бавосир, қабзияти меъдаву рӯда, касалиҳои пӯстро баэътидоловаранда, ҳамчун доруи иштиҳоовар ва пешоброн тавсия медиҳанд.
Ҳамчунин аз барги тару тозаи қоқу хӯрише тайёр мекунанд, ки кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад. Хокаи решаи қоқуро ба ҷои газидаи ҳашарот ва ҳайвоноти заҳрнок мебанданд.
Барги қокуро юнониҳо ва румиҳои қадим чун сабзавот истеъмол мекардаанд. Тоҷикон аз барги қоқу ва гиёҳҳои дигар самбӯсаи алафӣ мепазанд ва бехи онро тару тоза истеъмол менамоянд. Барои рафтани маззаи талхии қоқу онро дар намакоб 30 дақиқа тар карда мондан зарур аст.
Тибқи сарчашмаҳои биологӣ, пояи қоқу 5 – 30 см, баъзан то 50 см қад мекашад. Дар нӯги пояи қоқу «сабадак»-и зард ҳосил шуда, дар ҳар кадоми он то 200 гули тиллоранг мешукуфад. Қоқу дар як сол ду маротиба- баҳор ва тирамоҳ гул мекунад. Он одатан дар лаби ҷӯй, соҳили рӯдҳо, марғзор, талу теппаҳо, ҷангалзор, дашту саҳро, боғ ва канори роҳу назди иқоматгоҳҳо месабзад.
Дар тибби илмӣ ҷӯшоби қоқуро барои кушодани иштиҳо, қабзият ва чун давои зардарон кор мефармоянд. Барои ин 1 чумча решаи майдакардаи қоқуро дар як истакон об 20 дақиқа меҷӯшонанд ва баъди хунук шудан полида, рӯзе 2 – 4 маротиба пеш аз хӯрок ¼- истаконӣ менӯшанд. Қиёми равғании қоқу давои хуб барои ҷароҳатҳои сӯхтагӣ аст. Ҷӯшоби решаи онро ба сифати доруи зардарон ва иштиҳоовар таъйин мекунанд. Бо ин мақсад 3 чумча (40 г) решаи қоқуро дар 1 истакон об 20 дақиқа ҷӯшонда, дар як рӯз 2 маротиба пеш аз хӯрок якистаконӣ менӯшанд. Доруҳои қоқуро дар амалияи тибби муосир асосан чун омили тақвиятбахши узвҳои ҳозима ва иштиҳоовар истифода мебаранд.
Солҳои охир муайян намудаанд, ки бехи қоқу барои шахсони гирифтори атеросклероз (дарди артерияҳо) хеле муфид аст. Барои ин хокаи бехи хушки онро истеъмол кардан (дар як шабонарӯз пеш аз хӯрок 5 г) зарур мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳоро таҷлил менамояд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






