ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 апрел, шанбе, 95-умин рӯзи соли 2025 аст

Апрель 5, 2025 08:00

5 апрели соли 2010 котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба Тоҷикистон ташриф овард.

***

5 апрели соли 2014 дар шаҳри Қайроққум (ҳозира Гулистон)-и вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ду ширкати соҳибнуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дар Душанбе масъалаи баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон зимни арзёбиҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид.

***

5 апрели соли 2022 намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон бо қароргоҳи «Airbus» ва «Euler Hermes» дар Ҳамбург шинос шуданд.

***

5 апрели соли 2021 Лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид.

***

5 апрели соли 2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши «Мисгарӣ-бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардумӣ» доир шуд. Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 400 зарфи мисии мунаққаш бори нахуст  манзури тамошобинон гардид.

***

5 апрели соли 2022 Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони мактаб дар деҳаи Гулистони шаҳри Кӯлоб шинос шуд.

***

5 апрели соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

***

5 апрели соли 2024 дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи 5 апрели соли 2024  дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Шурои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохунро ба ҳузур пазируфтанд

5 АПРЕЛ:

Дар Кореяи шимолӣ- Рӯзи ниҳолшинонӣ.

Апрель 5, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, якшанбе, 277-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, шанбе, 276-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, ҷумъа, 275-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, панҷшанбе, 274-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, чоршанбе, 273-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, сешанбе, 272-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, душанбе, 271-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, якшанбе, 270-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, шанбе, 269-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, ҷумъа, 268-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, панҷшанбе, 267-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, чоршанбе, 266-умин рӯзи соли 2026 аст