Тсюй Дунъюй: «Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст»

Апрель 29, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсюй Дунъюйро ба ҳузур пазируфтанд.

Тсюй Дунъюй баъди мулоқот бо изҳори хушнудӣ аз сафари корӣ  ба Тоҷикистон кишвари моро зебо ва мардуми онро меҳмоннавоз арзёбӣ намуд. Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ иброз дошт, ки бо Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти тӯлонӣ ва судманд анҷом дод. Меҳмон таъкид намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо роҳбари барҷастаи Тоҷикистон, балки шахсияти мавриди эҳтироми кишварҳои дигари ҷаҳон  низ медонад.

Тсюй Дунъюй таъкид намуд, ки қаблан низ борҳо дар Чин бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом додааст. Соли гузашта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  қароргоҳи марказии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) боздид анҷом дода буданд.

«Сафари ман ба Тоҷикистон бо мақсади таъкиди дастгирӣ ва садоқат ба ҳамкории дуҷониба доир гардид», — таъкид намуд Тсюй Дунъюй.

Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин аз сатҳи баланди ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва дигар сохторҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ афзуд, ки мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати муҳлат ва муҳтаво ғайриодӣ ва фарогир буд, зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таҷрибаи бузурги соҳаи кишоварзӣ  доранд ва барои  мубодилаи афкор дар ин соҳа ҳамеша омода мебошанд.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба зироаткорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, муҳити зист, моҳипарварӣ, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, илм ва таҳқиқот, таълим ва дигар самтҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тсюй Дунъюй изҳор дошт, ки Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид омода аст дар раванди рушди  соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон саҳми худро  гузорад ва  афзуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ ва гуногунрангии биологию  хӯрокворӣ мебошад.

Тсюй Дунъюй инчунин ба ҳамбастагии фарҳангии мардумони Чину  Тоҷикистон ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик баҳои баланд дод.

Дар анҷом Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки созмони онҳо ҳамеша омода аст дар лаҳзаҳои зарурӣ ба Тоҷикистон кумак расонад.

Дар охир Тсюй Дунъюй таассуроти некашро аз кишвари мо изҳор дошта,  шаҳри Душанберо  яке аз пойтахтҳои беҳтарини Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 29, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»