Вобаста ба тибби сайёҳӣ ва нақши он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ конфронси байналмилалӣ доир шуд

Апрель 22, 2025 16:33

ДУШАНБЕ,  22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Тибби сайёҳӣ ва нақши он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ»- таҳти чунин унвон бо ибтикори Институти сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он олимону коршиносони соҳа аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Русия ва Фаронса сухан намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни ифтитоҳи конфронси илмию амалии байналмилалии «Тибби сайёҳӣ ва нақши он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ» гуфа шуд, ки тибби сайёҳӣ дар замони муосир ба бахши муҳими иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар он тиб ва сайёҳӣ бо ҳам иртиботи зич доранд. Нақши чунин конфронсҳои байналмилалӣ дар таҳкими робитаҳои илмӣ ва омӯзишии байналмилалӣ муҳим мебошад.

Дар конфронси байналмилалӣ олимону коршиносони соҳа аз  Тоҷикистон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Фаронса маърузаҳои пурмуҳтаво намуда, мавқеъ ва дурнамои рушди тибби сайёҳиро аз дидгоҳи илмӣ баррасӣ карданд.

 АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

 

Апрель 22, 2025 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд