ЗАМИНЛАРЗА-ҲОДИСАИ НОГАҲОНӢ. Чанд тавсия вобаста ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми заминларза

Апрель 17, 2025 14:52

ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Заминларза ҳодисаест, ки ногаҳонӣ ба вуҷуд меояд ва дар аксар мавридҳо одамонро ба таҳлука меорад. Аз ин рӯ, дар ҳамаи ҳолатҳо зимни рух додани офатҳои табиӣ ё ҳодисаҳои нохуш инсонҳо бояд ба он омода бошанд. Мухбири АМИТ «Ховар» вобаста ба қоидаҳои бехатарии заминларза маълумот ҷамъоварӣ намуд.

-Вақте шумо таконро эҳсос кардед ва ё дидед, ки қандили хонаи шумо ба ҷунбиш меояд ё чизу чора аз боло ба поён меафтанд, фавран аз хона берун бароед. Шумо вақти хеле кам доред, аз аввалин эҳсоси такон то гузаштани замони хатар барои бино ҳамагӣ 15-20 сония мавҷуд аст.

Барои аз бино берун шудан шумо ҳатман аз зинаҳо истифода баред ва ҳаргиз ба лифт нашинед. Зеро имкон дорад қувваи барқ хомӯш шавад ва шумо дар дохили лифт монед, ки ин метавонад ба ҷонатон хатар дошта бошад.

Оромиро ҳифз намоед ва дигаронро низ ором кунед. Бахусус кӯдаконро натарсонед. Вақте ба кӯча баромадед, аз назди биноҳо дуртар рафта, дар фазои кушод қарор гиред. Агар имкони берун рафтан наёфтеду дар хона мондед, дар ҷойи бехатар: зери деворҳои дохили бино ва дар кунҷи хона истед. Агар имкон бошад, дар зери миз паноҳ шавед.

Дар хона бояд катҳои хоби худ ва фарзандони шумо аз назди тирезаҳо дуртар ҷойгир бошанд. Ҳамеша дари ҷевони хонаи шумо пӯшида бошад. Ашёи шикананда ва вазнинро дар болои ҷевонҳо тавре ҷо ба ҷо намоед, ки агар афтанд ҳам, ба касе осеб нарасонанд.

Агар шумо савори мошин бошед, пас дар ҷойи худ қарор гиред, то замоне, ки такони замин ба охир нарасад, аз мошин берун нашавед.

Ҳамеша омодаи кумак ба одамони дигар, ба атрофиён ва пайвандонатон бошед.

Шумо ҳатман дар хона бояд захираи кофии оби нӯшокӣ ва ҳадди ақалл барои ду ё се рӯз ғизо низ дошта бошед. Дорухонаи оилавии шумо бояд ҳамеша доруҳои мавриди ниёзи аввал ва воситаҳо барои кумаки аввалини тиббӣ, аз ҷумла пахта, дока ва спирт дошта бошад.

Ҳар нафар дар хона бояд манбаъҳои қатъи қувваи барқ, газ ва обро донад, то ки дар сурати ҳодисаи ногаҳонӣ тавонанд фавран онҳоро банданд.

Ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ бояд дар ҷойи аниқ бошанд, ки дар мавриди зарурат кофтуков накунед.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 17, 2025 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид