Ҳамкории Тоҷикистон бо Чин дар бахши коркарди гиёҳҳои шифобахш густариш меёбад

Май 1, 2025 15:56

ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи  Тоҷикистон ва Чин дар бахши рушди тибби халқӣ ва ба роҳ мондани истеҳсол ва коркарди гиёҳҳои шифобахш зимни  шиносоии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти Беморхонаи тибби анъанавии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибби халқӣ дар аксари давлатҳои ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешавад. Шумораи бештари мамлакатҳо аҳамияти тибби анъанавӣ дар соҳаи тандурустиро эътироф намуда, онро дар системаҳои миллии тандурустияшон муваффақона истифода менамоянд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба истеҳсол ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун «Дар бораи тибби халқӣ» қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст, ки он асосҳои ҳуқуқии фаъолияти самти тибби халқиро муайян менамояд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Май 1, 2025 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид