«Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад…». Ин озмун дар байни донишҷӯдухтарон ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 26.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад…» гузаронида шуд.
Тавре аз ин кумита ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмун аз 25 апрел то 22 май баргузор шуда, 24 май ғолибони он қадрдонӣ гардиданд.
Дар даври ҷумҳуривии озмун 36 донишҷӯдухтар иштирок намуд, ки як нафар соҳиби Шоҳҷоиза, як нафар- ҷойи якум, 2 нафар- ҷойи дуюм ва 3 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Озмун дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва болаёқат, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ доир шуд.
Озмун аз рӯи 3 шарт гузаронида шуд: қироати ифоданоку таъсирбахши порчаҳо аз рӯйи қисматҳои «Шоҳнома», дарки маънии порчаҳои азёднамуда ва шарҳу тавзеҳи байтҳои алоҳида ва луғатдонӣ.
Ёдовар мешавем, ки бо дастури Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон озмуни «Шоҳномахонӣ» гузаронида мешавад. Барои баргузории ин озмун Пешвои миллат 1 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар Дарси сулҳ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Озмун дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибон бо ҷоизаю мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.
Ташаббуси Пешвои миллат дар шароити нави таърихӣ барои тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ баъд аз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафурв ба ҳар хонадони тоҷик иқдоми шоистае аст, ки воқеан дар таҳкими оини ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва маърифату таъриху фарҳанги миллат нақши созгор хоҳад гузошт.
Ин асари безавол ҳарчанд ба сифати як ҳамосаи беназири миллӣ ба таври манзум ба қалам омадааст, вале дар матни он ҳазорон мавзуъҳои дархури ниёзҳои мардум, таъриху фарҳанги миллат, ҷаҳоншиносӣ, оину суннатҳои миллӣ, таърихи давлатдорӣ, кашфи унсурҳои зиндагӣ, мардумшиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихӣ таҷассум ёфтаанд.
Муҳимтар аз ҳама, «Шоҳнома» достони ватандӯстӣ, мардонагӣ, матонату ҷасорат ва диловарию қаҳрамонӣ аст, ки наслҳои инсониятро дар ҳамаи давру замон ба зуҳури паҳлавонӣ, ҳифзи марзу буми хеш, дӯст доштан ва муҳофизати Ватан чун муқаддасоти бузурги инсонӣ ҳидоят намудааст.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






