Ҳасани Чупонӣ: «Президенти Тоҷикистон тавонист ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷамъ оварад»
ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси худ тавонист ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоти на танҳо як минтақа, балки ҷаҳон ҷамъ оварад. Агар мо имрӯз барои ҳалли ин мушкилот ба таври сарҷамъ ва муштарак амал накунем, он дар оянда барои ҳар сокини ҷаҳон хатар дорад» ,- чунин иброз намуд намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Чупонӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Номбурда афзуд, ки обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Зеро ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст.
«Тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ҳар сол сабаби хароб гаштани иншоот ва ворид шудани хисороти бузурги моддӣ ба аҳолии ҷаҳон мегардад. Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некуаҳволии одамони сайёра таҳдид менамояд»,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар натиҷаи гармшавии иқлим ҳамаи минтақаҳо зери хатар қарор мегиранд. Дар ҷазираҳои хурд ва кишварҳои аз сатҳи баҳр поён обхезӣ ва болоравии сатҳи баҳр ба инфрасохтори ҳаётан муҳим ва ҷомеаҳо таҳдид мекунад.
Дар ҷараёни суҳбат Ҳасани Чупонӣ доир ба ташрифаш ба Тоҷикистон чунин баён намуд: «Авалин бор аст, ки ба Тоҷикистон меоям. Ин зебоӣ ва ҳавои софи шаҳри Душанберо дар ягон давлати дигар надида будаам. Инчунин номгузории хиёбонҳои марказ ба ман хеле писанд омад. Номгузории хиёбонҳои пойтахти шумо нишони арҷгузорию эҳтиром ба шахсиятҳои барҷаста мебошад».
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд






