Ҷавонон сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносию худогоҳӣ дастгирӣ менамоянд

ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 майи соли 1997 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ходимони илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кифоят Алиназарова ва Малика Амирхониён чунин ибрози назар намуданд:
— Инкишофи ҳар ҷомеаи мутамаддин ба неруи созанда ниёз дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози демографӣ давлати ҷавон буда, 70 фоизи аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамин буд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз солҳои нахустини ба истиқлол расидан ба татбиқ намудани сиёсати давлат доир ба ин қишри муҳими ҷомеа ҳамчун неруи созанда ва бунёдкор афзалияти бештар муқаррар намуд.
Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, азхуд намудани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Бо мақсади боз ҳам фаъол гардидани ҷавонон зиёда аз даҳҳо қонуну қарор ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуданд, ки барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи боз ҳам васеътар кушод. Ҷавонон ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеаи ҷумҳурӣ аз оғози даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамеша дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтаанд. Таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон аст, ки онҳо қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб шуда, дар татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат нақши муҳим мебозанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 чунин омадааст: «Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои ҷумҳурии соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дастгирӣ менамоянд».
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҷавонон неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд, ки татбиқи самароварандаи сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифтааст.
Дар замони истиқлолият ташаккули давлати ҳукуқбунёд ба ҳайси ҳадафи муҳимтарини дигаргуниҳои куллии пайгирона дар Тоҷикистон идома ёфта, раванди амалигардонии ин ҳадаф дар ҷомеаи муосири тоҷикон ба густариши низоми сиёсӣ-ҳуқуқии он дар матнҳои бунёдии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шакли муайян даровардаю таҳким бахшида шуда, ба пешрафти маърифати ҳуқуқии ҷавонон таъсир гузошт. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар замони муосир аҳамияти хосса пайдо менамояд. Солҳои охир болоравии салоҳиятнокии ҳуқуқии ҷавонон мушоҳида мешавад, ки дар огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди Конститутсия, кодексҳо ва қонунҳо зоҳир мегарданд. Маҳз дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ин соҳа тадбирҳои судманд амалӣ карда шуданд.
Тарбияи ватандӯстии ҷавонон рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 1995 барномае қабул намуд, ки ҳадафи он тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ буд. Аз ин лиҳоз бо назардошти тақвият бахшидани ин ҷода дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005» қабул шуд, ки бо иҷрои он якчанд корҳои судманд дар ҷумҳурӣ амалӣ гардиданд.
Роҳбарияти давлату Ҳукумат дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва грантҳои ҳукуматӣ барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон таъсис дода шуданд.
Самтҳои фаъолият дар ин масъала дар паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардидаанд. Тавре ки Сарвари давлат таъкид намудаанд, «ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд».
Аз ин лиҳоз қабули барномаҳо ва амалӣ намудани он бетарафии ҷомеаро нисбат ба тақдири ҷавонон рафъ намуда, масъулияти онҳоро дар пешрафти шукуфоии мамлакат, ҳифзи манфиатҳои умумимиллию умумидавлатӣ бештар гардонид.
Дар шароити дигаргунсозии ҷаҳонӣ амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, ки ояндаро месозанд, тақозои замон аст. Вобаста аз он ки қувваи асосии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд, муайян намудани асосҳои фаъолият ва дурнамо нисбат ба онҳо мувофиқи мақсад аст.
Яке аз чунин афзалият ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Зарурати ташаккули ин сиёсат дар Тоҷикистон асосан баъди соҳибистиқлолӣ тақозои замон ҳисобида мешавад. Дар мадди аввал қарор додани инсон ва захираҳои инсонии давлат хусусияти хоси ин сиёсат маҳсуб мешавад. Қариб 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро насли ҷавон ташкил медиҳад ва татбиқи ин сиёсат дорои аҳамияти бузург аст.
Мутаассифона вуҷуд доштани омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз қабили ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, дохилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ҳаёти ҷамъиятиро халалдор сохта, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид менамоянд.
Вобаста ба ин масъала Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 чунин ибрози андеша намуданд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст».
Бояд гуфт, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарияти сиёсии мамлакат дар ниҳоди ҷавонони мамлакат рушд додани зиракии сиёсӣ мебошад, ки бақову пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он вобаста аст. Ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо ба масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфӣ ба бор овардааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Яъне истифодаи технологияҳои иттилоотӣ аз як тараф тақозои замон буда, рушди иқтидори технологиву иттилоотии мамлакатро таъмин менамояд, аз тарафи дигар, истифодаи воситаҳои технологияи иттилоотӣ бо мақсадҳои ғаразнок, паҳн намудани маводи номатлуб, мубодилаи иттилоот дар хусуси фаъолияти ташкилоти террористӣ, ҷалби ҷавонон ба ин ташкилот ба мафкура ва ҳаёти минбаъдаи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз татбиқи самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон дар ин шароит аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул шуданд. Аз ҷумла, дар ин самт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд барномаҳои дигар таҳия ва амалӣ гардиданд. Мақсади асосии қабули ин барномаҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таъмин намудани ҳуқуқҳо ва ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи қонун таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ барои тақвияти масъулиятшиносии ҳар шаҳрванд, бахусус ҷавонон дар назди Ватан тавсеаи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккули насли наврасу ҷавони солиму меҳандӯст заминаҳои марбутаи ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
АКС: АМИТ «Ховар»