Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҳамоиш доир гардид
ТУРСУНЗОДА, 24.05.2025 /АМИТ«Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо иштироки ҷавонони фаъоли Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода ҳамоиши идона доир гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки 23 май дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон нақши арзишманду таърихӣ дорад. Чунки маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1997 Сарвари Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманд 23 майро Рӯзи ҷавонон эълон намуданд. Тоҷикистон давлати ҷавону мустақил буда, қариб 70 фоизи аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои нахустини ба истиқлол расидан ва татбиқ намудани сиёсати давлат барои ин қишри муҳимми ҷомеа ва неруи созандаву бунёдкор афзалияти бештар муқаррар намудааст.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷавонон неруи пуриқтидори созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф гардиданд. Аз ин рӯ ин қишри муҳими ҷомеа бояд ба қадри озодӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон бирасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро истиқлол бародарию баробарии тамоми аъзои ҷомеа ва сарбаландии ҳар нафар буда, ба ҷавонони мамлакат мақоми хосса эҳдо намудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






