Бахшида ба Рӯзи ҷавонон иқдоми эҷодии донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар “Боғи Устод Рӯдакӣ” аз ҷониби донишҷӯёни соҳибистеъдоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ иқдоми эҷодӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Донишҷӯён маҳорати баланди касбӣ ва рассомӣ нишон дода, манзараҳои дилфиреби пойтахт, гулгаштҳои боғи фароғатии Устод Рӯдакӣ, пайкара ва муҷассамаи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва гулу буттаҳои ҳамешасабзи шаҳри Душанберо тасвир намуданд.
Дар ин иқдом роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуда, аз раванди расмкашӣ ва истеъдоди инфиродии донишҷӯёни донишгоҳ таасуроти маънавӣ ва тахайюлоти рангин бардоштанд.
Аз ҷониби намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия викторина баргузор шуда, иштирокчиён донишу малакаи худро дар самти муқовимат бо фасод ва масъулияти шаҳрвандӣ нишон доданд.
Барномаи фарҳангӣ-фароғатии ансабли «Муҳандиси ҷавон»-и донишгоҳ таҳти унвони «Шукуҳи ҷавонӣ» пешкаши иштирокдорон гаронида шуд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






